Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди «Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ» ба Олмон


Бино ба гузоришҳои нашршуда дар матбуоти Олмон, як гурӯҳи террористии узбакиасл таҳдид кардааст, ки дар посух ба эъзоми нерӯҳои Олмон ба Афғонистон дар қаламрави ин кишвари аврупоӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом хоҳад дод.

Фарангис Наҷибуллоҳ

Бино ба ин хабарҳо, мақомоти Олмон дар ҳоли ҳозир паёми видеоии тавассути Интернет нашркардаи гурӯҳи мавсум ба «Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ»-ро таҳти таҳқиқ қарор додаанд. Дар ин паёми видеоӣ ин созмон дар бораи “чанд ҳамлаи ногаҳонӣ” алайҳи Олмон ҳушдор медиҳад.

Бо ишора ба мушорикати Олмон дар амалиётҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ин афрод гуфтаанд, ки «Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ» барои нерӯҳои, ба гуфтаи онҳо, “ишғолгар” чанд “тӯҳфаи ғайримунтазира” омода кардааст. Олмон дар ҳайъати нерӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистон ҳудуди 3300 сарбоз дорад, ки асосан дар манотиқи нисбатан амнтари шимоли он кишвар мустақар шудаанд.

Дар паёми видеоие, ки ба гуфтаи матбуоти Олмон, ғолибан дар рӯзҳои идомаи амалиёти низомии Исроил дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза сабт шудааст, Олмон ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки ки ҷиҳати қатъи амалиёти ахири низомии Исроил дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза ҷиддан иқдоме накард.

Ник Пратт, мудири барномаҳои зиддитеррор дар Маркази аврупоии мутолиоти амниятии Ҷорҷ Маршалл дар Олмон, ҷиддӣ гирифтани Ҷиҳоди Исломӣ ва таҳдидҳои ин гурӯҳ аз ҷониби мақомоти Олмонро дуруст мешуморад ва мегӯяд, “ин як гурӯҳи собиқадор аст. Гурӯҳест, ки аз ҷониби ҳама шинохта шудааст. Онро бо созмонҳои дигар омехта мекунанд. Вале ин гурӯҳ дар воқеъ вуҷуд дорад ва ин чизест, ки мо бояд ҷиддияш бигирем. Аз ин рӯ, бояд ин паёмро дарёфт карда, ҳамаро аз он дар ҷараён бигузорем, то ки мардум дар зиндагии ҳаррӯзаи худ огоҳонатар рафтор кунанд.”

Ҷиҳоди Исломӣ таваҷҷӯҳи Олмонро ҳанӯз дар соли 2007 ба худ ҷалб кард. Пулиси Олмон дар моҳи сентябри соли 2007 хабар дод, ки аз як қасди ин гурӯҳ барои анҷоми ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ карда, ду олмонии гароида ба дини Ислом ва як шаҳрванди Туркияро бо иттиҳоми таҳияи нақшаи ҳамалот алайҳи пойгоҳҳои Амрико дар Олмон боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилаи Олмон гуфта буд, фарзияи дар паси он сӯъиқасди пешгиришуда истодани бахши олмонии Ҷиҳоди Исломиро ҷиддӣ гирифтааст. Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ, ки вазорати дохилаи Бритониё ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ воридаш кардааст, як созмони ба эҳтимоли ғолиб марбут ба Ҳаракати Исломии Узбакистон дониста мешавад. Мақомоти Узбакистон ин гурӯҳро ба даст доштан дар як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар он кишвар муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла ба даст доштан дар ҳамлаҳои маргталабонаи мояи июли соли 2004 алайҳи сафоратхонаҳои Амрикову Исроил дар Тошканд, ки дасти кам 3 кушта барҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG