Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Осиё-2011: имрӯз – 8 бозии сабқати гурӯҳӣ


Шоми 28-уми январ бозиҳои даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2011 бо ширкати 16 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои қора баргузор мешаванд.

Дар гурӯҳи «А» Баҳрайн бо Ҷопон ва Яман бо Ҳонконг, дар гурӯҳи «В» Индонезия бо Австралия ва Кувайт бо Уммон, дар гурӯҳи «С» Аморати Муттаҳидаи Араб бо Узбакистон, дар гурӯҳи «D» Лубнон бо Сурия, дар гурӯҳи «Е» Тайланд бо Эрон ва Сингапур бо Урдун бозӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи «А» Баҳрайн ва Ҷопон бо 3-имтиёзӣ, дар гурӯҳи «В» Индонезия ва Уммон бо 1-имтиёзӣ, дар гурӯҳи «С» Аморати Муттаҳидаи Араб бо 3 имтиёз, дар гурӯҳи «D» Чин, Сурия ва Вйетнам бо 3-имтиёзӣ ва дар гурӯҳи «Е» Эрон бо 3 имтиёз пешқадаманд.

То имрӯз панҷ дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 маълуманд. Инҳо мунтахаби Ироқ - қаҳрамони Осиё дар соли 2007, Арабистони Саъудӣ - барандаи медали нуқра ва Куриёи Ҷанубӣ - барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, Қатар – мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 ва Ҳиндустон - барандаи Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар соли 2008 мебошанд. Ба онҳо 10 дастаи зӯртарини сабқати гурӯҳӣ ( аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ) ва ғолиби Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар соли 2010 пайваст хоҳанд шуд. Бад-ин тартиб дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё 16 даста ширкат хоҳанд кард.

Вале, мутаассифона, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бонуфузтарин мусобиқоти қитъавӣ ширкат намеварзад. Футболбозони тоҷик соли гузашта як имкони ба даст овардани роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011-ро аз даст доданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз имкон дорад, соли оянда дар Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии қора бо дастаҳои миллии Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон, Куриёи Шимолӣ, Мянмар, Непал ва Шри-Ланка мубориза барад.
XS
SM
MD
LG