Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раул Кастро барои як ҳафта ба Русия меояд


Раҳбари Куба Раул Кастро имрӯз сафари якҳафтаинааш ба Русияро шурӯъ мекунад. Маскаву Ҳавана дар даврони Ҷанги сард муттаҳидони наздик буданд, вале дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи Русияву Куба ба сардӣ гароид. Сафари моҳи ноябр ба Куба анҷомдодаи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳамчун аломати азми Маскав барои эҳёи ин равобит талаққӣ мешуд. Мақомоти Русия мегӯянд, баррасии қарордодҳои ҳамкорӣ дар риштаи энержӣ як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ҷараёни мулоқотҳои Раул Кастро дар Маскав хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG