Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се сарбози арманӣ дар атрофи Қаробоғ


Озарбойҷон мегӯяд, нирӯҳояш дар як даргирӣ дар наздикии вилояти умдатан арманинишин ва ҷудоиталаби Қаробоғи кӯҳӣ се сарбози арманиро ба ҳалокат расондаанд. Вазорати дифоъи Озарбойҷон гуфт, сарбозони арманӣ ба як посгоҳи нирӯҳои озарӣ ҳамла кардаанд. Мақомоти арманӣ то ҳол ин хабарро ташреҳ накардаанд. Қаробоғи кӯҳӣ дар поёни солҳои ҳаштодуми асри гузашта, вақте Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард. Даъво бар сари ин қаламрав мунҷар ба ҷанги хунине шуд, ки тақрибан 30 000 кушта барҷой гузошт. Озарбойҷону Арманистон дар соли 1994 бо имзои як қарордоди оташбас ба ин ҷанг хотима гузоштанд, вале гоҳ-гоҳ миёни нирӯҳои озариву арманӣ дар хатти марзи Қаробоғ задухӯрдҳо рух медиҳанд.
XS
SM
MD
LG