Пайвандҳои дастрасӣ

Созишномаи Тоҷикистону Покистон тасдиқ шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишнома миёни ҳукумати ин кишвар бо Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳоро ба тасвиб расонд. Ин санад шароити ҳуқуқии кафолат ва замонати давлатии ҳифзи сармоя ба ҷонибҳоро фароҳам мекунад.

Аммо аз он ки Созишномаи мазкур ҳанӯз дар соли 2004 аз сӯи ҳукуматҳои ин кишварҳо ба имзо расида, вале беш аз 5 сол ба тасвиб нарасида буд ва ҳамчунон дар ҳоли ҳозир вазъи молии Покистон чандон гуворо ба назар намерасад, ба ақидаи шореҳон яке аз аҳдофи ин созишнома ҷалби сармояи Покистон ва ё кишварҳои дигар ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон аст.

Санади мазкур бидуни баҳсу баррасӣ ва бо иттифоқи раъйҳои вакилони парлумон ба тасвиб расид. Ҳамакнун, барои вуруди сармояи Покистон ба Тоҷикистон ҳеҷ гуна садду монеа вуҷуд нахоҳад дошт, балки давлат шароити ҳифз ва ҳимояти ҳуқуқии ин сармояро таъмин мекунад.

Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи энержӣ ва сохтмон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, Покистон дар роҳандозии корхонаҷоти тавлид ва коркарди пашму пӯст ва низ семент метавонад ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Аммо аз он ки Покистон воқеан ба нерӯи барқ ниёз дорад ва Покистон аз нахустин кишварҳое буд, ки мехост дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат кунад, тасвиби Созишномаи мазкур дар ин замина ҳама монеаҳоро аз байн хоҳад бурд.

Покистон аз рӯзҳои аввали касби истиқлоли Тоҷикистон талош мекард, дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ширкат кунад. Ва дар замони раёсати президент Раҳмон Набиев дар соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Покистон созишнома бо сармоягузории 500 миллион доллар барои бунёди ин нерӯгоҳ аз сӯи Покистон ба имзо расида буд. Баъдан, дар соли 1996 ба таъйиди яке аз масъулони вақти давлати Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, як ҳайати ҳукумати Покистон таҳти раҳбарии Осиф Алии Зардорӣ, президенти кунунӣ ва он вақт вазири федеролии Покистон дар як сафар бо мақомоти Душанбе ин масъаларо дубора дар миён гузошта, афзуда буд, ки Покистон барои пардохти ҳама масориф ва махориҷи ин тарҳ омодааст. Ҳамчунин, ин ҳайат мегӯяд, ки Покистон ба унвони харидори барқи тавлидшаванда омодааст, онро ба нархи ҷаҳонӣ бихарад. Аммо давлат, ки аз як сӯ ҳанӯз бо мухолифини мусаллаҳи худ созиш накарда буд ва аз тарафи дигар Русияро шарики роҳбурдии хеш медонист ин пешниҳодро натавонист бипазирад.

Зимнан, имзои созишномаи Тоҷикистон ва Покистон дар моҳи июни соли 2004 сурат гирифта буд, ки баъди он дар моҳи октябри ҳамон сол Владимир Путин , президенти вақти Русия дар раъси як ҳайати давлатӣ вориди Душанбе шуда, ва тахсиси сармояи беш аз ду миллиардоллариро ба Тоҷикистон ваъда кард. Ва дар ин сафар мушкилоти истгоҳи назорати кайҳонии мавсум ба Окно ва мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба суди Русия ҳал шуд.

Ва ҳоло коршиносон баъди шаш сол ба ин Созишнома руҷӯъ кардани мақомоти Тоҷикистонро навъе даъват ба Покистон ва посух ба мавқеъгирии ахири Русия арзёбӣ мекунанд. Ахиран, президенти Русия дар иртибот ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва махсусан сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз мавқеи Ӯзбакистон, ки мухолифи бунёди ин нерӯгоҳ аст, ҳимоят кард. Тасвиби ин созишнома дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, ҳафтаи оянда сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сурат бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG