Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи риққатбори муҳоҷирон дар Митишинская Ярмарка


Назар ба иттилои гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикистонии муқими шаҳри Митишии Русия, дар гирду атрофи бозори ин шаҳр маъруф бо номи Митишинская Ярмарка тахминан 3-4 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд, ки беш аз 100 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, аксарият ҷои корашонро аз даст додаанд. Бар илова онҳо наметавонанд ба хонаҳояшон баргарданд, зеро кордиҳандагон маошҳои онҳоро то ҳанӯз надодаанд.

Сӯҳбати ин муҳоҷирон бо Радиои Озодӣ, талошҳои онҳо барои гирифтани маош ва бозгашт ба Ватан, дарёфти кор дар Русия, гилаашонро аз вазъи ногувор ва латукӯби ОМОН метавонед аз ин ҷо гӯш бикунед.

Аз ин сӯҳбатҳо бармеояд, вазъи муҳоҷирон риққатовар асту, касе ба доди онҳо намерасад. Онҳо ҳамчунон иттилоъ доданд, ки ахиран хобгоҳи онҳо ба коми оташ кашида шуд ва онҳо ҳеҷ имкон пайдо накардаанд, ки аз сафорати Тоҷикистон санади имкондиҳандаи бозгашт ба ватан дарёфт намоянд.

Аз муҳоҷирон пурсидем, ки чӣ гуна имкони тамос бо радиои Озодиро пайдо кардаанд? Зеро барои одами бехонавудар ёфтани рақами телефон ва тамос осон нест. Муҳоҷирон Баҳром Ҳамроев ном ҳомии ҳуқуқи башар, ходими созмони дидбони ҳуқуқи башари Русия - Мемориалро ба сӯҳбат даъват карданд. Сӯҳбати Баҳром Ҳамроев низ қобили дастрасист.

Дар бораи сарнавишти ин муҳоҷирон ва имкони ёрӣ ба онҳо Радиои Озодӣ ҳамчунин ба Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ва Каромат Шарифов, раиси созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия занг зад.

Ин ҳама сӯҳбатҳо ҳамчунин дар шакли аудиоӣ дар паҳлӯи рости ин матлаб низ дастрас аст.
XS
SM
MD
LG