Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои нишасти марбут ба тарҳи лулаи Nabucco


Намояндагони аршади Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Будапешт, пойтахти Маҷористон пойбандии худро ба тарҳи бунёди лулаи газ, мавсум ба Набукко таъкид карданд. Содиркунандагони газ, ба монанди Туркманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон гуфтанд, дар барнома ширкат хоҳанд кард. Сарвазири Ҷумҳурии Чех, раиси давраии Иттиҳоди Аврупо, Мирек Тополанек, ки чанде пеш миёнраваи гуфтушунид байни Русияву Украин буд, то роҳи гази Русия ба Аврупо боз гардад гуфт: "Набукко тарҳи дорои аҳамияти аввалиндараҷа барои озодии Аврупост. Бӯҳрони ахири газ ҳамагӣ се ҳафта идома кард, аммо ба иқтисодиёти чандин кишвари Аврупо ва мардуми он таъсири сахт дошт. Миллиардҳо доллар аз даст дода шуд, ва миллионҳо нафар аз сармо азоб кашиданд. Ин нархи баландест, ки мо барои вобастагии энержии худ мепардозем."
Лулаи нав ба интиқоли газ аз масире имконият медиҳад, ки Русияро канор мегузорад.
XS
SM
MD
LG