Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давос


Дар осоишгоҳи Давоси Швейтсария яке аз бузургтарин маҳфилҳои сарварони соҳибкор ва сиёсат ифтитоҳ ёфт. Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавзӯъи асосии Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Давос хоҳад буд. Сарвазири Русия, Владимир Путин, аввалин намояндаи Русия мешавад, ки ин форумро ифтитоҳ мекунад. Назарсанҷиҳои арафаи ҷаласа дар миёни сарони бизнес нишон дод, ки эътимод ба ҳалли зудраси бӯҳрон хеле кам аст. Онҳо гуфтаанд, бӯҳрон то се соли дигар идома хоҳад кард ва тамаркузро аз рушд ба наҷот кӯчондаанд.
XS
SM
MD
LG