Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар Хадамоти марзбонии Тоҷикистон


Раёсати зиддисӯхтори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар анбори муҳимот, аслиҳа ва таҷҳизоти Хадамоти марзбонии кишвар сӯхтор ба амал омадааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳафт дастаи оташнишонҳо ва як мошини об ба ҷои ҳодиса фиристода шудаанд. Хомӯш кардани сӯхтор, ки наздик ба 100 метри муррабаъи бинои раёсати таъминот, аслиҳа ва таҷҳизоти Хадамоти марзбониро фаро гирифта буд, наздик ба як соат идома кардааст. Сабаби сӯхтор ва зиёни он хабар дода нашудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG