Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз Гурҷистон бозгардони сарбозашро талаб кард


Русия аз Гурҷистон талаб кард, сарбози дар Осетияи Ҷанубӣ асирафтодаашро баргардонад. Мақомоти ҳарбии Русия мегӯянд, таҳқиқот нишон додааст, ки сарбоз Александр Глухов дар рустои Ахалгорӣ боздошт ва ба Тифлис интиқол дода шудааст. Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ин сарбоз худро ба полиси гурҷӣ таслим карда, хостори шаҳрвандии Гурҷистон шудааст. Телевизиони Гурҷистон Глуховро намоиш дод, ки аз шароити бади хидмати ҳарбӣ дар Русия шикоят мекард ва аз мақомоти гурҷӣ мехост, ба зиндагии ӯ дар Тифлис иҷоза диҳанд.
XS
SM
MD
LG