Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс Афғонистонро бузургтарин чолиш номид


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс Афғонистонро бузургтарин чолиши низомӣ барои кишвараш хонд. Гейтс, ки дар кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенат сӯҳбат мекард, гуфт, мизони ҳамоҳангӣ дар ҷанг алайҳи чирикиҳо ғайриқаноатбахш буда, набардҳои тӯлониву сахт ҳанӯз дар пеш аст. Роберт Гейтс ҳамчунин ҳушдор дод, ки таҳдиди аз даст рафтани бархе пешрафтҳои Амрико дар Ироқ низ чандон баъид нест.
XS
SM
MD
LG