Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони ваҳдати Аврупо бар сари тарҳи Nabucco


Имрӯз дар як анҷуман дар Будапешт, пойтахти Маҷористон, тарҳи эҳдоси лӯлаи гази Nabucco мавриди баррасӣ қарор дорад. Лӯлаи гази Nabucco, қарор аст, ба масофаи 3300 километр кашида шуда, манобеъи гази кишварҳои ҳошияи баҳри Хазарро бидуни убур аз қаламрави Русияву Украина ба бозорҳои Аврупо бипайвандад. Мирек Тополанек, сарвазири Чехия, ки раёсати давраии ИА-ро бар дӯш дорад, тавофуқ бар сари ин тарҳро имтиҳони ваҳдати Аврупо номид. Кумиссари энержии ИА Андрис Пибалгс гуфт, агар раҳбарони сиёсӣ бар сари Nabucco то поёни моҳи март ба тавофуқ нарасанд, сарнавишти ин барнома дучори хатар хоҳад шуд. Раҳбарони Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ва Бонки Сармоягузории Аврупо гуфтанд, ки ин ду ниҳоди молӣ таҳти шароити мушаххас омодаанд, бунёди ин лӯлаи газро сармоягузорӣ кунанд. Баҳси ахири нархи газ миёни Киеву Маскав, ки мунҷар ба қатъ шудани интиқоли гази Русия ба Аврупо тавассути хоки Украина барои қариб 2 ҳафта шуд, ҳимоят аз тарҳи лӯлаи гази Nabucco-ро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG