Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбубтарин дӯсти кӯдакони тоҷик рафт


Шеъри шоири бачагона Наримон Бақозода хеле соддаву равон ва барои аксари кӯдакони тоҷик фаҳмост. Осори Наримон Бақозода ба таври васеъ дар китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ истифода мешавад ва ин аст, ки ағлаби кӯдакон аз шеъри устод огаҳанд.

Маҷид Салим, адиби ҷавон мегӯяд, Наримон Бақозода аз камтарин шоирони пурмаҳсуле буд, ки танҳо ба хотири кӯдакон ва барои кӯдакон эҷод мекард. Мусоҳиби мо, ки адабиёти бачагонаро дар инкишофи нутқ ва барои дар рохи дуруст тарбия намдуани кӯдак хеле муҳим арзёбӣ мекунад, мероси адабии Наримон Бақозода дар тарбияи атфоли тоҷикро бебаҳо медонад.

Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби бачагона, мегӯяд, шеъри Наримон Бақозодаро кӯдакон дӯст медоранд ва ба осонӣ аз бар мекунанд, зеро дар он ҷаҳони онҳо тасвир шудааст, ҷаҳони лабрез аз орзуву омоли тифлона.

Мунаққиди тоҷик Ҷӯра Бақозода гуфт, осори Наримон Бақозодаро на танҳо кӯдакони тоҷик, балки атфоли кишварҳои дигар низ имкони мутолеа кардан доранд. Зеро бархе аз китобҳои адиб дар нашриёти русии «Детская Литература» ба забони русӣ баргардонида шуда, бад-ин васила, ба забонҳои дигар тарҷума гардидаанд.

Бояд гуфт, Наримон Бақозода муаллифи нахустин операи кӯдакона буда, ҳамчунин, асарҳои мухталифи бачагонаро аз забонҳои дигар ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

XS
SM
MD
LG