Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ранги нави баҳси нерӯгоҳи Роғун


Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов, раисони ҷумҳури Русия ва Узбакистон

Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов, раисони ҷумҳури Русия ва Узбакистон

Ҳимояти раисиҷумҳури Русия аз мавқеи Узбакистон дар мавриди истифодаи захираҳои оби минтақа, ба назари таҳлилгарон, баёнгари дар рӯбарӯи чолиш қарор гирифтани барномаҳои энержии Тоҷикистон аст.

Баъди он, ки Дмитрий Медведев гуфт, Русия дар баромаҳои энержие, ки бо ҳамсояҳои ҳамоҳанг нашуда бошад, мушорикат нахоҳад кард, Тоҷикистон умеди ширкати Русияро бо шароити мавҷуди барномаҳо аз даст додааст. Аммо ҳамчунон мавқеъи худро дар ин росто ҳифз карда, мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳамоно беш аз 75 дарсади Роғун саҳмияи Тоҷикистон хоҳад буд, баландии сарбанд паст нахоҳад шуд ва ба ҳар қимате ба сохтмони он идома медиҳанд.

Ҳамчуноне, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, низ мавқеи оштинопазире ба барномаҳои энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон дорад. Суол ин аст, ки далели мухолифати Узбакистон ба барномаҳои энержии ҳамсояҳо ва дар маҷмӯъ наҳваи истифодаи захираҳои обӣ чист?

Коршиносон мегӯянд, умдатарин далеле, ки мақомоти узбак барои ҳимояи назари худ дар мавриди ҳамоҳанг кардани барномаи сохтмони ниругоҳҳо пеш меоранд, фаромарзӣ будани рудхонаҳост. Далели дигаре, ки мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон ду кишвари поёноб пеш меоранд, эҳтимоли фоҷеаҳои зистмуҳитӣ дар натиҷаи сохтани обанборҳо ва пеш омадани мушкили камбуди об аст.

Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, аввалан тарҳи сохтмони Роғун ба ҳамаи ҷонибҳо мувофиқа шудааст, аз ҷумла бо мақомоти Тошканд, қабл аз оғози сохтмони он дар замони барпоии Иттиҳоди Шӯравӣ. Дигар ин ки Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти он, қасде барои бастани об ва пеш овардани мушкилоти об надорад. Балки ба эътиқоди мақомоти Тоҷикистон, сохтани ин обанборҳо баҳрабардорӣ аз манобеи обиро муносибтар хоҳад кард.

Аммо соҳибназарон аз далоили дигар низ дар мавриди иллати мухолифати Узбакистон ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат мекунанд. Ба назари бисёре аз таҳлилгарон, далели умдаи Узбакистон барои мухолифат бим аз ояндаи ин тарҳҳо мебошад, зеро дар сурати эҳдоси нерӯгоҳҳо Тоҷикистон ин имконро хоҳад дошт, ки дар воқеъ истифода аз захираҳои обиии минтақаро, ки шаст дарсади онро дар ихтиёр дорад, танзим ва назорат кунад. Дар он сурат нигаронии Узбакистон аз он аст, ки мабодо Тоҷикистон ба унвони аҳроми фишор аз об истифода кунад.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик, эътиқод дорад, ки мушкили миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ва мухолифати Узбакистон ба барномаҳои энержии Тоҷикистон бештар ба мушкил ё муносибати миёни роҳбарони Тоҷикистон ва Узбакистон рабт дорад.

Вале Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон, ба чунин ақидае розӣ нест ва мегӯяд мухолифати Узбакистон ба ин тарҳҳо аслан ангезаи сиёсӣ дорад. Ин масъалаи усулӣ аст ва ба манфиати миллӣ бар мегардад. Ба ақидаи ӯ, Узбакистон мехоҳад Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳамеша мутеи худ бубуинад.

Ба ҳамин тартиб, баҳси оби минтақа ҳамчунон бо мушкилоти фаровони худ боқист. Ва коршиносон мегӯянд, ба ин зудӣ роҳи ҳалле низ наметавонанд пайдо кунад. Тоҷикистон ва Қирғизистон - ду кишвари кӯҳистонии минтақа беш аз 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, вале дар баҳрабардорӣ аз ин захоир ба мухолифати кишварҳои поёноб дучор мебошанд.

Вале ба сурати якҷониба бо вуҷуди мухолфиати хастагинопазири Узбакистон ба сохтмони ниругоҳҳои бузурги худ идома медиҳанд. Ва ахиран вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ изҳор кард, нерӯгоҳи Роғун дар рудхонаи Вахш, ки аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар ҳудуди Тоҷикистон ба Ому мерезад ва руди фаромарзӣ нест, сохта мешавад ва ба ниёзе барои мувофиқа бо ҳамсояҳо надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG