Пайвандҳои дастрасӣ

Зане дар Амрико ҳаштгоник ба дунё овард


Як зан дар аёлати Калифорнияи Амрико ҳаштгоник таваллуд кардааст. Гуфта мешавад, ин дуввумин мавриди таваллуди ҳаштгоник дар Амрико буда, зане, ки якбора ба модари серфарзанд табдил ёфт, 6 писар ва 2 духтарашро дар як зоишгоҳ дар канори шаҳри Лос-Анҷелес ба дунё овардааст. Вазъи сиҳҳати ҳамаи 8 навзод хуб буда, онҳо то ҳол дар зоишгоҳ таҳти як шароити мӯътадил ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG