Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Асад аз гуфтугӯ бо Амрико


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад низ имрӯз изҳор дошт, ки кишвараш барои гуфтугӯи бидуни қайду шарти пешакӣ бо Амрико ҳозир аст. Асад ба телевизиони Ал-Манор, мақараш дар Лубнон, гуфт, омадани Барак Обама умедвориҳои мӯҳтотона дар мавриди расидан ба сулҳ дар Ховари Миёнаро афзуда, таҳдиди ҷанги нав дар минтақаро баръакс коҳиш дод: “Мо аломатҳои мусбатеро мебинем, вале медонем, ки бояд боэҳтиёт бошем ва ҳисобҳои худро бо ин аломатҳо набояд бо ҳам биомезем. То даме ки таҳаввулоти амалие пеш наояд, мо аз пеши ҳадс нахоҳем зад, ки чизе тағйир ёфта ё хайр.” Башор Асад ҳамчунин гуфт, паёмҳои маъмурияти нав дар мавриди роҳҳои ҳалли бӯҳрони Ироқ ва низоъи Арабу Исроил ӯро умедвор кардааст.
XS
SM
MD
LG