Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев имрӯз ба мардум муроҷиат мекунад


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шоим имрӯз бо як паёми телевизионӣ ба мардуми кишвараш муроҷиат хоҳад кард. Нашри ин паём ба дунболи тағйироти кадрӣ дар ҳайъати ҳукумати Қирғизистон сурат мегирад. Боқиев як рӯз қабл Омурбек Бабанов, яке аз раҳбарони мухолифинро муовини аввали сарвазир ва сафири собиқи кишвар дар Чин Кодирбек Сарбоевро вазири хориҷаи Қирғизистон таъйин кард. Қурмонбек Боқиев 4 сол пеш дар натиҷаи силсилаи эътирозҳое, ки “инқилоби лолаҳо” низ номаш мебаранд, ба чавкии раҳбарии Қирғизистон нишаст.
XS
SM
MD
LG