Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи Обама дар баробари гармоиши Замин


Барак Обама, президенти ИМА

Барак Обама, президенти ИМА

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад пешдастии саросарӣ дар ҳифзи муҳити зистро барқарор кунад.

Рӯзи душанбе маъмурияти президенти нави ИМА Барак Обама намояндаи хоси ин кишвар дар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлимро таъйин намуда, изҳори умед кард, ки ИМА эътибори ин кишвар дар саросари олам ва пешдастӣ дар тарҳрезии сиёсати муҳитзистиро барқарор менамояд.

Рӯзи душанбе котиби давлатӣ, ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон Тодд Стернро фиристодаи ИМА дар масъалаҳои марбут бо ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлим таъйин намуд. Дар даврони президенти Бил Клинтон Стерн раиси ҳайати музокиракунандаи ИМА дар гуфтушуниди Протоколи Киото буд.

Дар маросими бо тантана хонум Клинтон изҳори умед намуд, ки Вашингтон дар мубориза бо гармшавии ҳаво нақши асосиро касб хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки гармшавии ҳаво таҳдиди воқеист ва онро набояд нодида гирифт. Сиёсати муҳитзистии маъмурияти президенти пешатараи ИМА Ҷорҷ Буш мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд, зеро Вашингтон аз пуштибонии Протоколи Киото даст кашида, ба аёлатҳои алоҳида иҷозат намедод, ки дастурҳои марбут бо ҳифзи муҳити зистро таҳким бахшанд.

Ҳамчунон рӯзи душанбе президенти ИМА Барак Обама ба идораи федералии ҳифзи муҳити зист амр дод, ки сиёсатҳои Калифорния ва аёлатҳои дигарро арзёбӣ намуда, бубинанд, ки то кадом ҳудуд метавон онро ҳамчун василаи мубориза бо бухорҳои саноатӣ ё худ газҳои гулхонаӣ истифода бурд. Калифорния ва беш аз 10 аёлати дигари Амрико мехоҳанд меъёрҳои партоби гази карбон диоксидро шадидтар намоянд. Вале маъмурияти президент Буш, ки бо пуштибонии саноати мошинсозӣ муттаҳам мешуд, ба тасдиқи ин қонунҳо дар сатҳи федералӣ монеа мегузошт.

Президент Обама мегӯяд, ки ҳоло ИМА дар чорраҳаи таърих қарор дошта, набояд гаравгони захираҳои коҳишёбанда, ҳукуматҳои душман ва гармшавии ҳаво гардад. Ба фикри раисҷумҳури Амрико эҳёи иқтисоди Амрико бояд бо сиёсати нави энергетикӣ ҳамқалам бошад. Бо ишора ба саноати мошинсозӣ Обама иброз дошт, ки кишвараш ба тавлиди насли нави мошин эҳтиёҷ дорад.

Ба қавли коршиносони амрикоӣ як миллион галлон бензин ба фазоаи атроф то 10000 тонна карбон диоксид хориҷ менамояд. Бар пояи ҳамин омор ИМА рӯзмарра то 420 миллион галлон маводи сӯхт истифода мебарад. Аз эҳтимол дур нест, ки баъди муддате барои мошинсозони Амрико меъёр ё худ стандарти Калифорния ном дастуре ҷорӣ шавад. Бар пояи ин санад кишвар бояд мошинҳое тавлид намояд, ки бо як галлон бензин ҳадди ақалл 38 майл ё худ беш аз 55 километрро тай намоянд.

Феълан меъёри миёна тахминан як литр бензин барои тай намудани даҳ километрро ташкил дода, дар мошинҳои кӯҳна бо як литр бензин фақат барои тай намудани 7-8 километр кифоят мекунад.

XS
SM
MD
LG