Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар шарқ ва ҷануби Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари ду ҳамлаи ҷангиёни толиб дар шарқи он кишвар ду афсари пулис ва се ғайринизомӣ кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои пулис дар улусволии Навои вилояти Ҳилманд таҳти ҳимояти нирӯҳои НАТО дар як даргирӣ 5 ҷангии толибро ба ҳалокат расондаанд. Паймони НАТО, ки фармондеҳии нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро бар ӯҳда дорад, низ бидуни овардани кадом ҷузъиёт дар бораи ҳалокати ду сарбозаш дар ҷануби он кишвар хабар додааст.
XS
SM
MD
LG