Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси лӯлаи гази Nabucco дар Будапешт оғоз шуд


Имрӯз дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Будапешт, пойтахти Маҷористон, тарҳи эҳдоси лӯлаи гази Nabucco мавриди баҳси намояндагони ИА, ду бонк ва кишварҳои тӯли ин хатти интиқоли газ қарор гирифт. Ин нишаст то поёни рӯз идома хоҳад кард. Қарор аст, лӯлаи гази Nabucco, ки бар пояи беш аз 10 миллиард доллар сармоягузорӣ ва ба масофаи 3300 километр кашида хоҳад шуд, манобеъи гази кишварҳои ҳошияи баҳри Хазарро бидуни убур аз қаламрави Русияву Украина ба бозорҳои Аврупо бипайвандад. Баҳси ахири нархи газ миёни Киеву Маскав, ки мунҷар ба қатъ шудани интиқоли гази Русия ба Аврупо тавассути хоки Украина барои қариб 2 ҳафта шуд, ҳимоят аз тарҳи лӯлаи гази Nabucco-ро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG