Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе лимити нирӯи барқ ҷорӣ шуд


Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” рӯзи сешанбе бо баргузории як нишасти вижаи хабарӣ эълон кард, ки аз рӯзи 27 январ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, низ реҷаи маҳдуди тавзеъи нирӯи барқ ҷорӣ шуда, аз ин ба баъд ба аҳолии пойтахт дар як шабонарӯз ҳамагӣ 15 соат нирӯи барқ хоҳанд дод. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик”, қатъ шудани транзити нирӯи барқи Туркманистон тавассути Узбакистонро далели аслии ба чунин иқдом даст задани ин ширкат номид. Тибқи созишномаи минтақавии моҳи октябр имзошуда, Туркманистон бояд аз моҳи ноябр то апрел ба Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион киловатт-соат нирӯи барқ медод. Вале Узбакистон аз поёни соли гузашта транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро тавассути қаламраваш манъ кард.
XS
SM
MD
LG