Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфтугӯ бо Эронро мумкин номид


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Ийолоти Муттаҳида хостори гуфтугӯ бо Эрон буда, маъмурияти ӯ рӯи шароити баргузории чунин музокирот кор хоҳад кард. Обама ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо телевизиони Ал-Арабия ба забон овард. Ин нахустин мусоҳибаи Обама бо як телевизиони арабӣ аз замони расман ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани ӯ дар таърихи 20 январ мебошад. Рӯзи душанбе Сюзан Райс, сафири ҷадиди Амрико дар СММ, низ гуфта буд, ки Вошингтон мавзӯъи роҳандозии гуфтугӯи мустақими дипломатӣ бо Теҳронро баррасӣ мекунад. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки пеш аз ҳар навъ гуфтугӯ бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш Эрон бояд ба тақозои Шӯрои Амният тан дар дода, ғанисозии ураниумро қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG