Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як исроиливу як фаластинӣ дар марзи Ғазза


Бино ба хабарҳо, имрӯз дар наздикии марзҳои Исроил бо сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза як сарбози исроилӣ ва як фаластинӣ кушта шуданд. Ҳалокати ин ду нафар ҷиддитарин мавриди хушунат дар минтақа аз замони эъломи оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи Ҳамос дар ҳафтаи гузашта аст. Нирӯҳои Исроил мегӯянд, як бамб дар роҳи гузари ҳайъати дидбонии артиши Исроил дар атрофи гузаргоҳи марзии Киссифим мунфаҷир шудааст. Расонаҳои арабӣ дар бораи ҳалокати як сарбоз ва ҷароҳат бардоштани се исроилии дигар бар асари ин таркиш хабар медиҳанд. Вале ҷониби Исроил то ҳанӯз ин хабарро тасдиқ накардааст.
XS
SM
MD
LG