Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз имрӯз, 27-уми январ, барои сокинони пойтахти Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ аз рӯи режаи махсус сурат мегирад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик», дар як нишасти матбуотии вижа зимни ироаи муроҷиатномаи ин ширкат ва вазорати саноату энержии Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин дар манотиқи кишвар низ интиқоли барқ коҳиш хоҳад ёфт.

Сабаби ин тасмими мақомотро оқои Ёдгорӣ ин гуна шарҳ дод: «Бо супориши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 10-уми октябр дар шаҳри Бишкек ва 18-уми октябри соли 2008 дар шаҳри Алмаато баргузор шуданд, ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа тавофуқ ҳосил шуд, ки барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути Узбакистон интиқол дода шавад. Тибқи ин тавофуқ, Тоҷикистон бояд аз 1-уми ноябри соли 2008 то 30 апрели соли 2009 ҳар моҳ 200 миллион, дар маҷмӯъ 1 миллиарду 200 миллион киловат соат барқ харидорӣ мекард. Вале аз 27-уми декабри соли 2008 ҷумҳурии Узбакистон бо сабабҳои пеш аз ҳама сиёсӣ ва бар хилофи санади имзошуда транзити барқ тавассути ҳудудҳояшро қатъ кард».

Оқои Ёдгорӣ дар тафсили суханонаш чизе наафзуд, аммо қаблан Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ширкати «Узбекэнерго» якҷониба созишномаш бо «Барқи тоҷик»-ро, ки интиқоли барқи Туркманистон тавассути Узбакистон ба Тоҷикистонро танзим мекунад, бекор кард: «Бо баҳонаи он, ки дар зеристгоҳи 500 киловолтаи Қароқул таҷҳизотҳо аз кор баромадаанд. Гурӯҳи кории мо пеш аз соли нав дар Тошканд буд. Талош кардем, ки рафта зеристгоҳро бинем, то ки агар кӯмак зарур бошад расонем. Аммо моро намонданд».

Ва дар посух ба он суол, ки чаро Узбакистон ин гуна хилофи созишнома рафтор мекунад, оқои Муҳиддинов гуфт, ба ҳайати Тоҷикистон дар Тошканд мақомот гуфтаанд, ки раисҷумҳур Ислом Каримов аз бунёди нерӯгоҳи Роғун розӣ нест.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши интиқоли барқ ба сокинони кишвар ба хотири сарфа кардани захираҳои об дар обанборҳои нерӯгоҳҳо роҳандозӣ шудааст. Тибқи иттилоъи ширкати «Барқи тоҷик», интиқоли барқ ба вилоятҳои Суғду Хатлон дар як шабонарӯз ба 3,5 миллион ва дар навоҳии тобеи кишвар ба 2 миллион киловат соат кам мешавад. Ҳамчунин интиқоли барқ ба ширкати «Талко» - корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз 22 миллион ба 16 миллион, яъне 6 миллион киловат соат, ки 30 дарсади истеъмоли барқи онро ташкил медиҳад, коҳиш дода шудааст.

Коршиносон изҳороти мақомоти Тоҷикистонро идомаи мухолифати Узбакистон ба пружаҳои энержии кишварҳои болооб - Қирғизистону Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, гуфт, сафари Дмитрий Медведев ба Узбакистон ва пуштибонии ӯ аз мавқеи ин кишвар ин баҳсҳоро тезутунд кардааст.

Коршиносон мегӯянд, баҳсҳо дар сатҳи олӣ ҳамеша ба ин натиҷа оварда расонда ва мерасонад, ки мардуми оддии Тоҷикистон аз барқ маҳрум шавад. Ва дар муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон омадааст, маҳдудиятҳои феълии барқ муваққатист ва мақомот умедворанд, ки мардум онҳоро хоҳад фаҳмид.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG