Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли як мақоми аршад дар Абхозистон


Бино ба хабарҳо, муовини вазири умури дохилаи ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон Закан Ҷугелия рӯзи душанбе бар асари сӯъиқасд дар пойтахти он ҷумҳурӣ, шаҳри Сухумӣ, кушта шуд. Ҷугелияро дар як қаҳвахона ду нафари ниқобпӯш ҳадафи тир қарор дода, сипас фирор кардаанд. Раҳбари Абхозистон Сергей Багапш халалдор кардани субот дар ин минтақаро ҳадафи ин сӯъиқасд номид. Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августаш бо Гурҷистон истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ҳарду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG