Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи асқафи калисои Русия оғоз шуд


Имрӯз беш аз 700 намояндаи аршади калисои ортодоксалӣ, ё худ православии Русия аз байни се номзад ба интихоби асқафи ҷадиди ин калисо оғоз карданд. Асқафи пешини ин калисо Алексийи дуввум, ки аз соли 1990 раҳбарии калисои православии Русияро бар дӯш дошт, рӯзи 5 декабр дар синни 79 даргузашт. Бахши аъзами ҷамъияти Русия аз мазҳаби православии дини масеҳӣ пайравӣ мекунанд. Ҷараёни интихоби раҳбари нави калисои православии Русия 3 рӯзи дигар идома мекунад. Як номзади аслӣ ба ин мақоми олии рӯҳонӣ митрополит Кирилл ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG