Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе қарзҳои IMF-ро то 5 феврал бармегардонад


Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин ниҳод қарзҳои ҷанҷолбарангези Сандуқи байналмилалии пулро то 5 феврал пурра бар хоҳад гардонд. Сандуқи пул дар моҳи марти соли гузашта давлати Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти нодуруст айбдор кард ва аз Душанбе хост, беш аз 47 миллион доллар қарзи боимтиёзи бар пояи ироаи чунин маълумот бадастовардаашро пеш аз мӯҳлат баргардонад. Душанбе дар пайи он ҷанҷол ҳамчунин мулзам шуд, аудити байналмилалии фаъолиятҳои Бонки миллӣ ва ду ширкати бузургаш – ТАЛКО ва “Барқи тоҷик”-ро иҷозат диҳад. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз гуфт, ширкати бритониёии "Ernst &Young LLP" бозрасии фаъолиятҳои ин ниҳодро алакай анҷом додааст, вале ӯ аз ташреҳи натоиҷи ин аудит худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG