Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов аз пайомадҳои бӯҳрони ғизо сӯҳбат кардааст


Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, дар иҷлосияи муштараки Барномаҳои рушд ва ҷаҳонии ғизо ва Сандуқҳои нуфузшуморӣ ва кӯдакони СММ гуфтааст, ки бӯҳрони ҷаҳонии ғизо ба кайфияти зиндагии аз се ду ҳиссаи хонаводаҳо дар Тоҷикистон таъсир гузошта, воридоти маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон дар соли 2008 назар ба як соли пеш тақрибан якуним маротиба афзоиш ёфт. Оқои Аслов гуфтааст, бар изофаи бӯҳрони нархи ғизо, Тоҷикистон дар соли гузашта ба як сардии ғайриоддӣ ва хушксоливу камобӣ низ рӯбарӯ шуд, ки бар асароти бӯҳронҳои энержӣ ва ғизо дар кишвар афзуда, сатҳи зиндагии мардумро ба таври қобили мулоҳиза пойин бурд. Ба гуфтаи намояндаи Душанбе, соли гузашта нархи биринҷ дар Тоҷикистон 73 дарсад, нархи шир қариб 44 ва қимати гӯшт ҳудуди 25 дарсад боло рафт.
XS
SM
MD
LG