Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонони нашъаманд: Орзуҳои шикаста


Дуруд ба дӯсти азизи “Ояндасоз”.

Мавзӯи навбатии гуфтори вижаи шумо куллан ба яке аз масоили доғи қишри ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон - ба нашъамандӣ тахсис ёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши гардиши ғариқонунии маводи мухаддир ва ҳодисаҳои боздошти қочоқбарон дар ин охирҳо хабари зиёд пахш мекунанд ва маълум аст, ки дар баробари интиқоли бахши аъзами ин мавод ба бозори сиёҳи хориҷӣ, як қисме аз он барои масрафкунандаҳо ё мӯътодони маводи мухаддир дар дохили Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ва ҳоло дар баробари нигарониҳо аз он ки шумори нашъамандон дар миёни ҷавонписарҳову мардон зиёд аст, яъне бештар аз 8 ҳазор нафар, инчунин ташвише аз болоравии шумори духтарону занони нашъаманд вуҷуд дорад.

“Ояндасоз” ин навбат ин мавзӯъро бо мисолҳои зинда аз ҳаёти мӯътодони ҷавоне, ки бархе ҳанӯз аз наврасӣ ба истеъмоли маводи мухаддир шурӯъ кардаву, имрӯз кӯшиши раҳой аз ин маризиро доранд, ба миён гузоштааст. Ва аз он хотир ин мавзӯъ қобили таваҷҷӯҳ ва нигаронӣ аст, ки сухан дар бораи сарнавиштҳои шикаставу бадфарҷоми шахсиятҳои зинда, ҷавонҳои замоне дил пур аз умед меравад.
“Ояндасоз” – ро гӯш кунед ва дар бораи ин ҳама маълумоти муфассалтар хоҳед гирифт.

Вобаста

XS
SM
MD
LG