Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи маҳбусони Гуантанамо аз нигоҳи Иттиҳоди Аврупо


Дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел сарнавишти маҳбусони Гуантанамо мавриди баррасӣ мебошад. Намояндагони 27 кишвари иттиҳод масъалаи қабули маҳбусони собиқро баҳс мекунанд. Вазири умури берунаи Фаронса, Бернард Кушнер гуфтааст, Кумисюни Аврупо тарҳи як нақшаро омода мекунад, ки мавзеъи воҳиди кишварҳои узвро инъикос намояд. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҳавийер Солана гуфт, Амрико бояд дар бораи 250 маҳбус иттилоъи комил дода, дастрасӣ ба онҳоро таъмин намояд, то аз эҳтимоли раҳоии афроди дарвоқеъ хатарнок ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG