Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Эрон ба ихроҷи "Муҷоҳидини халқ" аз номгӯи сиёҳ


Эрон тасмими Иттиҳоди Аврупоро ба ихроҷи гурӯҳи асосии мухолифони фирории Эрон аз номгӯи созмонҳои террористӣ маҳкум кард. Вазорати умури хориҷии Эрон дар як изҳорот, ки аз тариқи телевизиони ҷумҳурии исломӣ қироат шуд, гуфт, дасти "Муҷоҳидини халқи Эрон" ба хуни ҳазорон нафар аз мардум олуда аст. Он ҳамчунин афзуд, созмони "Муҷоҳидини халқ" ҳаргиз хушунатро рад накардааст. Тасмими берун кардани номи ин гурӯҳ аз руйхатти созмонҳои террористӣ дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел гирифта шуд ва чунин маънӣ дорад, ки дороиҳои мунҷамидшудаи он баргардонида мешаванд. Ин созмон ҳамчун гурӯҳи исломии чапгаро бар зидди шоҳи Эрон таъсис ёфта, дертар ба мухолифони низоми исломӣ табдил ёфт. Он дар Амрико ва Канада созмони террористӣ ба шумор меравад, аммо дар соли 2001 хушунатро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG