Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли барқи Узбакистон ба Афғонистон оғоз ёфт


Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Афғонистон мегӯяд, сар аз 25-уми январ шабакаи барқи Кобул бо хатти баландшиддати барқе пайваст шуд, ки ба воситаи он аз Узбакистон ба Афғонистон нерӯи барқ интиқол меёбад. Хабаргузории "Бохтар" иттилоъ додааст, ки аллакай барқи Узбакистон ба чандин пойгоҳи шаҳри Кобул расидааст. Чанд сол аст, ки аҳолии Кобул аз набуди нерӯи барқ азият мекашанд ва дар ҳоли ҳозир Афғонистон аз Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Эрон нерӯи барқ харидорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG