Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми муҳоҷирон дар вилояти Маскав 50% камтар шуд


Ҳукумати вилояти Маскави Русия хабар дод, ки саҳмияи муҳоҷиронро барои имсол 50 дарсад коҳиш додааст. Сардори раёсати шуғл ва масъалаҳои иҷтимоии вилояти Маскав, Виктор Рушев ба хабарнигорон гуфтааст, имсол вилояташ ба ҷои 250 ҳазор ҳамагӣ 116 ҳазор муҳоҷирро қабул хоҳад кард. Вай афзудааст, бар асари бӯҳрони молиявии ҷаҳон корфармоён ғолибан аз аризаҳои худ барои қабули нерӯи кори беруна даст кашидаанд, ҳарчанд бархе аз онҳо истифодаи нерӯи кори арзонро як роҳи муқобила бо буҳрон мешуморанд. Дар вилояти Маскав аз ҳама бештар муҳоҷирон аз Украина, Молдова, Узбакистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар машғули коранд.
XS
SM
MD
LG