Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Тоҷикистон аз изҳороти ахири Медведев


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар Тошканд дар мавриди барномаҳои энержии кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Медведев гуфтааст, кишварҳои болооб бояд барои татбиқи чунин барномаҳо ризоияти ҳамсоягони худро ба даст оранд. Нотаи вазорат дар ин бора ба намояндаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний супурда шудааст. Коршиносон мегӯянд, масъалаи об барои Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба як мушкили ҷиддӣ табдил меёбад.
XS
SM
MD
LG