Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҷӯёи натиҷаҳои мушаххас дар Ховари Миёна аст


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, мегӯяд, фиристодаи нави ӯ дар Ховари Миёна, Ҷорҷ Митчелл дар роҳи сулҳи исроилӣ ва фаластиниҳо нақши тавоно ва устувор хоҳад дошт ва натиҷаҳои мушаххасро ҷӯё хоҳад шуд. Обама дипломатияи арабу исроилиро яке аз мавзӯъҳои аввали ҳукумати худ гузидааст ва намояндаи ӯ Митчелл акнун дар роҳ ба сӯи Ховари Миёна аст. Митчелл касест, ки тавонист ба ҳалли низоъ дар Ирландияи Шимолӣ кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG