Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико гуфтушуниди мустақим бо Эронро мехоҳад


Сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар СММ мегӯяд, Вошингтон мӯътақиди "дипломатияи қавиест", ки гуфтушуниди мустақим бо Эронро дар масъалаи барномаи ҳастаии он низ фаро бигирад. Сюзан Райс ин нуктаро пас аз дидор бо Дабири кулли СМ, Бан Ки-мун баён дошт. Вай ҳамчунин ба Теҳрон ҳушдор дод, ки сарпечии давомодори он аз иҷрои талаби СМ дар қатъи ғанисозии ураниум сабаби афзоиши фишор ба Эрон хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG