Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки марказии Русия дар поёни ҳафтаи гузашта ҳадди болоии қурби рубли русӣ дар муқобили доллару евроро дигарбора боло бурд ва 41 рубл таъйин кард, ки дар қиболи доллари амрикоӣ баробари тақрибан 36, вале дар қиболи евро муодили беш аз 46 рубл хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки тайи тақрибан 5 моҳи охири қурби рубли Русия дар муқобили, масалан доллар, беш аз 30 дарсад афзуда, ба 33 рубл барои як доллар наздик шудааст. Чунин ҳол аҳволи молии бар асари бӯҳрони молӣ тангшудаи мардикорони тоҷик дар Русияро боз ҳам тангтар мекунад. Ба хусус аҳволи он муҳоҷиронеро, ки то ҳол пули тайи соли гузашта дар Русия коркардаи худро аз корфармоён то ҳол ба даст наовардаанд.

Мавсими кор барои Ҷӯрахон, ки шуғлаш дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тиҷорати умдаи меваҷоту сабзаҷот аст, ҳанӯз дар поёни моҳи сентябр ба поён омад, вале ӯ то ҳол наметавонад пули аз тиҷорати соли гузашта бадастовардаашро баргардонад ва бо ҷайби пур ба ватан баргардад. Ҷӯрахон мегӯяд, баъди чанд моҳи саргардонӣ шарикони русаш розӣ шуданд, пули ӯро қисм-қисм, ҳафтае то 70 000 рубл баргардонанд, ки ба дарди ӯ намехӯрад. Ин дар ҳолест, ки даромади Ҷӯрахонро аз як сӯ уфти қурби рубл кам мекунад ва аз сӯи дигар, худи ӯ, ки дар зимистон шуғле барои худ наёфта, ҳоло дар Петербург аз ҳисоби ҳамон пуле ба сар мебарад, ки шариконаш қисм-қисм ба ӯ медиҳанд. Ӯ мегӯяд, то ҳол танҳо ниме аз сармояи дар тиҷорати мева гузоштаашро баргардонда, маҷбур аст, боқии пули худро моҳи май, баъди бозгашт аз Тоҷикистон талаб кунад.

Алишер, муҳоҷири дигари тоҷик дар Санкт-Петербург, мегӯяд, шумори ҳамватанонаш, ки пули худро то ҳол гирифта наметавонанд, садҳо нафарро ташкил медиҳад ва ба шиддат пойин рафтани қурби рубл низ сармояи бадастовардаи онҳоро рӯз то рӯз ночизтару ночизтар мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, қурби як доллари амрикоӣ дар бозори арзи Русия ба 33 рубл наздик шудааст ва ин дар ҳолест, ки дар моҳи сентябр як доллар чизе бештар аз 25 рубл арзиш дошт. Бонки марказии Русия аз рӯзи 23 январ роҳрави фаннии қурби рубл дар муқобили доллару евроро дар ҳудуди 41 рубл таъйин кард. Ин роҳрав 55 дарсад аз ҳисоби қурби доллар ва 45 дарсад аз ҳисоби қурби евро муайян гардида, амалан ҳадди болоии қурби долларро 36 рубл ва ҳадди аксари қурби евроро наздики 47 рубл таъйин мекунад.

Ба назари таҳлилгарон, Бонки марказии Русия аз ҳимояти пайваста ва барояш хеле пурҳазинаи қурби рубл хаста шудааст. Ин ниҳод ҳар ҳафта ба хотири дифоъ аз қурби рубл ба бозори асъор то 30 миллиард доллар мерехт ва тайи 5 моҳи охир дар ин бозор тақрибан 300 миллиард доллар аз хазинаи тилову асъори кишварро масраф кардааст. Ин хазина, ки бо шарофати фоидаҳои ҳангуфти нафту газ дар поёни тобистон ба 700 миллиард доллар дакка мехӯрд,дар зарфи чанд моҳи охир хеле тиҳӣ гардида, ҳоло зери 400 миллиард доллар рафтааст.

Ҳукумати Русия низ барои нахустин бор аз соли 1998 ба ин тараф вориди марҳалаи пасрафт шудани иқтисоди кишварро эътироф кард ва гуфт, ҳаҷми маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Русия имсол 0,2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Вазорати рушди иқтисодии Русия дар ин дурнамо нархи миёнаи як бушкаи нафт дар соли 2009-умро 41 доллар ва қурби миёнаи долларро беш аз 35 рубл ҳисоб кардааст. Яъне хеле болотар аз қурби имрӯзааш, ки дар давру бари 33 рубл чарх мезанад.

Абдуллоҳи Давлат, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониҳои Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, мавридҳои сарпечии корфармоён аз пардохтани маоши мардикорони тоҷик дар Русия дар ин авохир афзудааст, ки як иллати аслиаш бӯҳрони молист. Ӯ мегӯяд, чунин шароит шояд ҳазорон тан аз мардикорони тоҷикро имсол маҷбур кунад, дар ватан бимонанд ва дар Тоҷикистон барои худ ҷойи кор биҷӯянд.

Устоди донишгоҳи славянии Душанбе Мунир Калимуллоев мегӯяд, бахши бузурги муҳоҷирони тоҷик дар Русия машғули корҳои мавсимӣ буда, дастумузди кори дар фасли гармо анҷомдодаи худро одатан дар тирамоҳу зимистон мерӯёнанд, вале уфти башиддати қурби рубли русӣ боис шуда, ки ҳаҷми даромади онҳо ҳанӯз ба Тоҷикистон нарасида, алакай аз ҳисоби қурби доллар дар худи Русия хеле коҳиш биёбад.

Иқтисодшиноси тоҷик меафзояд, то кунун чархи аробаи бозорҳоро дар Тоҷикистон асосан пули фиристодаи муҳоҷирон гардон мекард ва бо шарофати ҳамин пулҳо, вобастагии хонаводаҳо, аз ҷумла хонаводаҳои фақир аз дасти ёриву кӯмаки давлат камтар шуда буд. Аммо пойин рафтани қурби рубл ва коҳиш ёфтани ҳаҷми таҳвили пул, ба эътиқоди оқои Калимуллоев, метавонад мунҷар ба бӯҳрони пули нақд дар кишвар шуда, дасти давлатро аз иҷрои хеле аз барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла аз тарҳҳои мубориза бо фақр ба гунаи чашмгир кӯтоҳ кунад.

Шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ҳамасола бо талаби ризқу рӯзии хонаводаҳои худ барои мардикорӣ ба хориҷ ва ағлаб ба Русия мераванд, аз 400 ҳазор то 1 миллион нафар дар сол баровард шуда, тахминҳо дар мавриди саҳми ин тоифа дар иқтисоди Тоҷикистон низ мухталиф буда, дар марзи аз як то севу ҳатто чаҳор миллиард доллар давр мезанад.

Бино ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, соле пеш саҳми муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Тоҷикистон муодили тақрибан 36 дарсади маҷмӯъи даромади нохолиси кишвар буд. Аммо бар пояи пешбиние, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ баъди дари аксари кишварҳо, аз ҷумла дари Русияву Тоҷикистонро кӯфтани бӯҳрони молӣ таҳия карданд, имсол саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон шояд то 30 дарсад коҳиш биёбад. Мақомоти Душанбе ин ҳама сол асосан рӯи сели пуле ҳисоб мекарданд, ки ин ҳама сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба Тоҷикистон мерехт. Ба назари таҳлилгарон, идомаи уфти рубли русӣ ин сели пулро ҳарчӣ камтару камтар карда, шояд акнун ниҳоятан Душанберо маҷбур кунад, ки рӯи масоили иқтисодиаш каме ба дуртар фикр кунад ва ба ин ҳам бияндешад, ки танҳо роҳ–роҳи муҳоҷират ва ва роҳи муҳоҷират фақат ба Русия нест.

XS
SM
MD
LG