Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли духтарон барои орзуи таҳсил


Водии Свот дар Покистон, ки дар миёни мардуми ин кишвар бо манзараҳои зебо, ҳавои нарму роҳатбахш ва меваҳои ширинаш маъруф аст, ҳоло таҳти фишори Толибон қарор гирифтааст, ки дар баробари дигар муқаррароти худ, таҳсили духтаронро низ мамнӯъ эълом кардаанд.

Ҳатто пеш аз эъломи ин ҳукм дар рӯзи 15 январ, 100 мактаби духтарона дар вилояти Свот ва 150 дабистони дигар дар вилояти қабиланиши ҳамсояи он дар Покистон баста шуд. Баъди ин тундравон бисёре аз он мактабҳоро хароб карда ва ё оташ заданд ва ҳамин гуна тақрибан 100 ҳазор духтарро аз таҳсил маҳрум карданд. Толибон ба духтарон аз тариқи радио ҳушдор медоданд, ки агар як қадам ба сӯи мактаб гузоранд, ба рӯяшон ишқор пошида мешавад. Ҳамин гуна, ба омӯзгорон низ таҳдид мекарданд ва ё онҳоро мекуштанд. Танҳо рӯзи душанбеи гузашта панҷ мактаб дар вилояти Свот бомборон шуд.

Толибон бо ин ҳама ҳамлаву таҳдид ба духтарони мактабхон қаноат накардаанд ва ба тамоми занону духтарон амр доданд, ки ҳиҷоб пӯшанд. Бар асоси фармони онҳо, акнун занҳо бояд ҳамроҳ бо ягон узви хонавода дар миёни мардум ҳозир шаванд ва набояд ҳамроҳашон шиноснома дошта бошанд, зеро дар шиноснома акси онҳо ҳаст.

Мирғазабҳои толиб даҳҳо занро барои, ба гуфтаи худашон, фаъолиятҳои ғайриахлоқӣ, куштанд, аз ҷумла, Бахт Зебои 45-соларо, ки барои ба таҳсил ҷалб кардани духтарон талош мекард. Ба гуфтаи Ёсамин Ҳассан, ҳуқуқдони покистонии муқими Амрико, чунин ба назар мерасад, ки Покистон бо Афғонистон мусобиқа дорад, ки аз байни ҳар ду кӣ бештар ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад.

Ба гуфтаи Ёсамин Ҳассан, бояд аз фалокати толибонизатсияи Покистон пешгирӣ кард ва барои ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд иқдом кунанд. Вай меафзояд, ҳукумати Покистон бояд масъулияти худро иҷро намуда ва ҳуқуқи занонро ҳимоят кунад ва нагузорад, то Покистон саҳнае барои таҷрибаҳои Толибон бошад. Ҳафтаи гузашта ҳукумати Покистон эълом кард, ки макотиби ноҳияҳои шимолии кишварро аз нав барои таҳсил боз мекунад, вале бо назардошти нуфузи Толибон дар ин манотиқ ва заъфи ҳукумат, иҷрои ин амр зоҳиран мушкил хоҳад буд.

Рӯзи 15 январ порлумони Покистон амри Толибон ҷиҳати бастани макотиби духтаронро маҳкум намуд ва акнун мегӯяд, Ёсамин Ҳассан, ҳукумат бояд фавран дастрасии духтарон ба таҳсил ва амнияти онҳо дар берун аз мадрасаҳоро ҳам тазмин диҳад.

Ёсамин Ҳассан мегӯяд, раисҷумҳури Амрико Барак Обама, Покистонро ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм хондааст ва сенати Амрико мехоҳад то кӯмакҳои ғайринизомӣ ба Покистон барои панҷ соли оянда то якуним миллиард доллар афзоиш дода шавад. Ба қавли муаллифи мақола, ҳукумати Обама набояд хатоҳои Ҷорҷ Бушро такрор намояд ва бояд назорат кунад, то маблағҳои ҷудошуда дуруст истифода шавад. Дигар ин ки дар ивази ин маблағ бояд шарт гузошта шавад, то ҳукумати Покистон аз афзоиши нуфузи Толибон ҷилавгирӣ кунад ва бахусус ба ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром гузорад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи Ёсамин Ҳассан, паёмади беамалӣ ва амалкардҳои нокофӣ дар ин замина фалокатбор хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG