Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон корпартоӣ карданд


Тоҷирони бузургтарин бозори Кӯлоб ба нишони эътироз аз гарон шудани арзиши ҷои тиҷорат имрӯз, 26 январ, дари дӯконҳои худро ба рӯйи харидорон боз накарданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб Мӯъмин Аҳмадӣ мегӯяд, тақрибан 200 тоҷири растаи либосфурӯшии бозори «Сахофат»-и шаҳри Кӯлоб субҳи имрӯз на ба назди дӯконҳои худ, балки ба сӯйи дафтари раиси бозор рафтанд, то норизоии худ аз гарон шудани ҷои тиҷоратро баён кунанд. Қаблан, як ҷои тиҷорат дар ин бозор 1,5 сомонӣ дар як рӯз нарх доштааст ва ҳамакнун, арзиши онро як баробар зиёд карда, ce сомонӣ кардаанд.

Ба қавли Ҷумъа Алиев, раиси бозор, нархи нав ҳанӯз соли гузашта аз ҷониби Тоҷикматлубот пешниҳод шуда буд, вале ба далели норозигии тоҷирон он замон ин нарх ба роҳ андохта нашуда буд. Ҳамакнун, бори дуввум ин пешниҳод рӯйи кор омада ва имрӯз мунҷар ба эътирози тоҷирон шудааст.


XS
SM
MD
LG