Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори вазир аз таъсиси "аҳромҳои молӣ"


Маҳмадназар Солиев, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, бо такя ба иттилоъи фаврӣ, аз талоши таъсиси “аҳромҳои нави молӣ” ба хотири фиреби шаҳрвандони зудбовар хабар дод. Дар як нишаст дар шаҳри Душанбе ӯ гуфт, ки “аҳромҳо” аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя таъсис шудаанд ва айни ҳол мавзӯъи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи яке аз ин гурӯҳҳо баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи Маҳмадназар Солиев, аъзои ин гурӯҳ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ба ҳисоби онҳо ҳазор евро гузаронанд ва сипас боз ду нафари дигарро бо ҳамин гуна маблағ бо худ оварда, соҳиби якуним ҳазор евро шаванд. Вазир ҳушдор дод, ки аъзои ин гурӯҳ баъди ба даст овардани маблағи ҳангуфт ғайб хоҳанд зад.

Дар нишасти хабарӣ вазири умури дохила ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол ягон узви равияи “Салафия” ба муҷозот кашида нашудааст ва афроде, ки ин равияро тарк кардаанд, мавриди таъқиб қарор нахоҳанд гирифт. Ба иттилоъи вазорат, соли гузашта барои узвият дар “Ҳизбуттаҳрир” 11 шаҳрванди Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG