Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Будапешт бунёди "Набукко" баррасӣ мешавад


Дар Будапешт, пойтахти Маҷористон, нишасти дурӯза оид ба бунёди лулаи интиқоли гази “Набукко” шурӯъ мешавад. Ҳадафи нишаст – суръат бахшидан ба бунёди ин лулаи газ аст, ки маводи сӯхти ҳавзаи Хазарро бидуни убур аз қаламрави Русия ва Украина ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медиҳад. Барои татбиқи тарҳи “Набукко” 10 миллиард доллар сарф мешавад ва аммо дар мавриди соли 2010 ё 2013 бунёд шудани он тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

Баъди моҷарои газ миёни Киев ва Маскав, ки бар асари он чандин кишвари аврупоӣ аз гази Русия маҳрум монд, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо роҳҳои нави таъмини кишварҳои узв бо маводи сӯхтро ҷустуҷӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG