Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи рӯзҳои ахир интиқоли барқ ба манзилҳои аксари кулли сокинони Суғд комилан қатъ гардидааст.

Инъом Сангинов – муовини намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар Хуҷанд вазъро ба норасоии шадиди нерӯи барқ бастагӣ медиҳад. Ӯ гуфт, ки имрӯзҳо вилояти Суғд дар шабонарӯз ҳудуди сеюним миллион киловатт соат барқ дарёфт мекунад, ки 2 миллион тавлиди нерӯгоҳи Қайроқум аст ва боқӣ аз қисмати ҷануби кишвар тавассути қаламрави Узбакистон ворид мегардад. И. Сангинов афзуд, бо ин миқдор нерӯи барқ намешавад ҳатто дар бораи чароғон кардани хонаҳои сокинон ҳатто дар соатҳои маҳдуди шабонарӯз ҳарф зад.

Ба гуфтаи И . Сангинов, сеюним миллион киловатт соат барқи дарёфтӣ имрӯзҳо танҳо ба таъмини иншоотҳои ҳаётан муҳим, мисли бемористону дармонгоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ масраф мегардад.
Масъулини идораи барқ мегӯянд, ки минтақаи шимолии Тоҷикистон мутобиқи меъёри зимистонӣ ба ҳадди ақал 8 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ниёз дорад.

Набуди барқ дар фасли сармо, дар ҳоле ки ба қисмати умдаи манзилҳои биноҳои бисёртабақа инчунин интиқоли гази табиӣ низ сар аз соли нав қатъ шудааст, сокинонро дучори мушкилоти зиёд кардааст. Як сокини шаҳри Қайроқум бо исми Манзура дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, барои аҳли байташ зиндагӣ дар чунин шароити тоқатфарсо дар бинои бисёртабақа номумкин шудааст.

Масъулини намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар Суғд сабаби норасоии шадиди барқро қатъи тронзити барқи Туркманистон тавассути қаламрави Узбакистон сар аз 1–уми январи соли равон медонанд. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, дар пайи сахттар шудани бӯҳрони энержӣ дар тайи рӯзҳои ахир интиқоли нерӯи барқ ба вилояти Суғд аз қисмати ҷануби Тоҷикистон низ ба таври назаррас қоҳиш ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG