Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Байден аз афзоиши талафоти Амрико дар Афғонистон


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден мегӯяд, Амрико бояд ба эҳтимоли талафоти бештари амрикоиён дар Афғонистон омода бошад. Вай ин нуктаро дар робита ба омодагии раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама ба густариши ҳузури ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон пайванд дод. Вай гуфт, авзоъ дар Афғонистон рӯ ба бадӣ ниҳодааст ва Толибон бахши муҳими мамлакатро зери назорат доранд. Байден ба ин ҳам ишора кард, ки Амрико ва ҳампаймонҳои он дар имдоди кофии иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ ба Афғонистон ноком будаанд ва фасоди мақомоти давлатию тавлиди маводи мухаддир аз мушкилҳои умдаи ин кишвар боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG