Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории раис ва довари Додгоҳи вилояти Суғд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо фармонҳои худ раиси додгоҳи вилояти Суғд, Маҳмуд Ғуломовро аз вазифааш барканор кард. Сабабҳои ин барканорӣ ва вазифаи нави эҳтимолии Ғуломов хабар дода нашудаанд. Бо фармони дигараш президент Раҳмон довари додгоҳи вилояти Суғд, Ҳасанбой Сӯфиевро низ аз вазифааш маҳрум намуд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон президент доваронро бо тавсияи Вазорати адлия таъин ва барканор мекунад. Вазорати адлияи Тоҷикистон низ дар бора шарҳе надодааст.
XS
SM
MD
LG