Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи тарҳи "Набукко" пас аз моҷарои гази Русия


Мақомоти Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбеи 27-уми январ дар Маҷористон интиқоли газ ба Аврупоро баррасӣ хоҳанд кард. Тарҳи мавсум ба "Набукко", ки як масири нави интиқоли гази Осиёи Марказӣ ба Аврупо хоҳад буд, мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Ин тарҳ, ки чандин сол пеш омода гаштааст, 13 миллиард доллар нарх дорад ва Аврупо бар асари моҷарои ахири Русияву Украина, ки сабаби бегаз мондани бахши аъзами Аврупо гардид, дубора ба он рӯй овардааст.
XS
SM
MD
LG