Пайвандҳои дастрасӣ

Ширини Ибодӣ зидди харобкунии оромгоҳи Ховарон аст


Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башари таҳти раҳбарии барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширини Ибодӣ имрӯз ҳодисаи харобкунии як оромгоҳи Теҳронро, ки дар он зиндониҳои сиёсӣ ба хок супурда шудаанд, маҳкум кард. Маркази мудофеони ҳуқуқи инсон ба заминяксонкунии қабристони Ховаронро дар Теҳрон як амали ваҳшиёна хондааст. Ин созмон мегӯяд, ки оромгоҳи мазкур манзили охирати он зиндониҳои сиёсие шудааст, ки дар солҳои 1980 дар ин ҷо ба хок супурда шудаанд. Мақомот ба эҳтимоли ғолиб мехоҳанд дар ин маҳал як боғи истироҳатӣ бунёд кунанд.
XS
SM
MD
LG