Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ "Муҷоҳидони халқ"-ро ихтиёран "меронад"


Рӯзи якшанбе Ироқ бори дигар такрор кард, ки аъзои гурӯҳи мухолифони эронӣ "Муҷоҳидони халқ"-ро зӯран аз қароргоҳи зисти онҳо воқеъ дар шимоли Бағдод берун намекунад. Сухангӯи ҳукумат Алӣ-ад-Даббоғ гуфт, ки Бағдод аз аъзои созмони мазкур хостааст, ки довталабона ва ихтиёрӣ хоки ин кишварро тарк кунанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш мушовири амнияти миллии ҳукумати Ироқ Муваффақ-ар-Рубоӣ дар Теҳрон гуфт, ки "Муҷоҳидони халқ" ба амнияти Эрон таҳдид мекунад. Ироқ, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо гурӯҳи мазкурро ба феҳрасти ташкилоти террористӣ ворид кардааст. Ин созмон мегӯяд, ки дигар аз анҷоми амалиёти террористӣ даст кашидааст.
XS
SM
MD
LG