Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия + Узбакистон – Тоҷикистон?


Оё ниёзи Тоҷикистон ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба чашмони Медведев ва Каримов наменамояд?
Оё ниёзи Тоҷикистон ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба чашмони Медведев ва Каримов наменамояд?

Вокуниши намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба баёнияи ахири Д. Медведев дар Тошканд одӣ набудааст.

Онҳо иддаъои раисҷумҳури Русияро, ки сохтмони ҳамагуна нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи марказиро бидуни ризояти ҳамсоякишварҳо номумкин шумурд, мухолифи сиёсатҳои энержии Тоҷикистон унвон мекунанд.

Ҳарчанд мақомот то ҳоло вокуниши расмӣ дар ин бораро ироъа накардаанд, аммо Мӯсо Асозода, раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Душанбе, ки раёсаташро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, ин баёнияро мавқеъи куллӣ ва ниҳоии Маскав надонист.
Мӯсо Асозода (аз чап) ва Раҷаби Мирзо
Ба назари вай, ин баёния барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон, ки ба зарари кишварҳои поёнобе мисли Узбакистон ва Қазоқистон муаррифӣ мешавад, монеъ нахоҳад шуд: «Гумон намекунам, ки Медведев барои тақвияти муносибати Русия бо Узбакистон аз шарики стротежики худ даст кашад».

Мӯсо Асозода мегӯяд, ҳарчанд таҳаммули ин гуна изҳорот сахт аст, аммо маънии “номеҳрубонӣ”-и Русия ба Тоҷикистонро надорад.

Дмитрий Медведев дар Тошканд гуфт, ки бояд ҳамагуна нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ризоияти кишварҳои ҳамсоя сохта шаванд ва истифода аз обҳои фаромарзӣ бояд одилона сурат гиранд. Ба қавли ӯ, агар ин меъёрҳо риъоят нашаванд, Русия аз ширкат дар ингуна тарҳҳои энержӣ даст мекашад ва ҳар масоилеро, ки дар ин замина рӯ мезанад, бо истифода аз роҳҳи сиёсӣ ҳал хоҳад кард.

Ҳарчанд оқои Медведев аз кишваре ном набурд, аммо рӯшан аст, ки ангушти ишорааш болои нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва силсилаи нерӯгоҳҳои Қамбарота дар Қирғизистон дароз шуд, ки кишварҳои поёнобе чун Узбакистон мухолифи сохтмони онҳост ва ин ҳамаро таҳдиде барои камобӣ ба 27 миллион сокини кишвараш медонад.

Бо ишора ба ин мушкил, соҳибназарон Тоҷикистонро акнун ба мурғи саркандае шабеҳ медиҳанд, ки ҳамвора гирди худ мегардад, вале дармон намеёбад.

Муҳйиддини Кабирӣ (аз чап) ва муаллифи ин матлаб Каюмарси Ато
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили мардумӣ дар парлумон ва раиси ҲНИТ, ки изҳороти Медведевро нигаронкунанда ва якҷониба медонад, ба ислоҳи самти равобити хориҷии Тоҷикистон ишора мекунад. Вай мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар сиёсатҳои байнулмилаливу минтақаӣ тағйироте мушоҳида мешавад, Тоҷикистон ҳам самтҳои қавӣ ва тозаеро дар муносиботи хориҷияш пайдо кунад: «Воқиъан, ҷойи нигаронӣ аст, ки Русия дар ин баҳс мавқеъи яктарафа гирифт. Аслан бо назардошти манофеъи худ дар минтақа Русия талош мекард сиёсат ва мавқеъгирияшро тарзе эълон кунад, ки ҳамаи шариконаш аз он қонеъ бошанд. Дар ҳоли ҳозир ин нуктаи назар танҳо ба нафъи кишварҳои поёноб аст, на Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар минтақаи болооби дарёҳои фаромарзӣ қарор доранд».

Ва ин ҳам дар ҳоле ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви Кумитаи энержӣ ва сохтмони Маҷлиси Намояндагон, изҳороти раиси ҷумҳурии Русияро иштибоҳ дониста ва эҳтиёҷи минтақа ба як бозори умумии энержиро таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, то дар якҷоягӣ бозори энержиеро таъсис диҳанд, ки мисли бозори энержии Аврупо бошад ва аз тасмимгириҳо ҳич як аз ин кишварҳо зиён набинанд: “Аз мавқеъи ҳизби мо, бояд бозори энержии Осиёи Марказӣ умумӣ бошад. Дар ин бозор на Русия ва на Узбакистону Тоҷикистон ва на Қазоқистону Қирғизистон шоҳ набошанд. Инҳо бояд дар ҳамкорӣ дар ин бозор мусовӣ ширкат варзанд. Ва ин бозори энержии Осиёи Марказӣ ба манфиати ин кишварҳо сурат гирад, на ин ки ба манфаити яке аз онҳо. Гузашта аз ин, таҳдиди якеашон бар дигарашон, хато аст. Ин яккатозӣ дар минтақа аст. Ин қудратталабӣ аст... ”.

Тоҷикистон наметавонад аз истифодаи ингуна сарватҳои табиъии худ даст кашад.
Ҳамин тавр, вокуниши намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар баробари баёнияи Дмитрий Медведев чандон сода набуд ва онҳо ин ҳамаро ба қаробати бештари Узбакистону Русия рабт медиҳанд, ки, қабл аз ҳама, аз манфиъатҳои энерживу сиёсӣ дар минтақа маншаъ мегирад.

Дар ҷараёни сафари Медведев ба Узбакистон Тошканд розӣ шуд, ки ба Русия 15 миллиард метри кубӣ гази иловагӣ фурӯшад. Ғайр аз ин, Узбакистон интизор дорад, ки тавассути бархе ширкатҳои энержии русӣ панҷ миллиард доллар даромади нав хоҳад дид.

Ҷонибҳо инчунин ба тавофуқ расиданд, ки лӯлаи нави газиро бунёд мекунанд, ки он аз имкониятҳои феълӣ бамаротиб бештар будааст. Яъне бо назардошти ин ҳама, тавре, коршиносон мегӯянд, барои Русия беҳтар аст корро бо як шарики боманфиате аз ҳама назар тавсеа диҳад, на бо шарике, ки воомндаи мушкил асту ба кӯмак ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG