Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳии Синҳ муваффақиятомез анҷом шуд


Табибони ҳиндӣ гуфтанд, ки амалиёти ҷарроҳии нахуствазир Манмуҳан Сингҳ бомуваффақият анҷом шуда ба эҳтимоли ғолиб вай метавонад барои ширкат дар интихоботи моҳи май омода шавад. Оқои Шринат Реддӣ, як узви гурӯҳи тиббие, ки дар ҷарроҳии шараёни қалби нахуствазири Ҳинд рӯзи шанбе иштирок кард, гуфт, амалиёт 11 соат идома дошт:

"Вай ҳоло дар шӯъбаи муроқибати муттасили Маркази амрози қалбӣ, ки ба Фарҳангистони улуми тиббии Ҳинд марбут аст, қарор дорад. Вай боҳуш аст, вокуниш нишон медиҳад ва ҳолаташ хеле ҳам мӯътадил мебошад".

Табиб афзуд, ки нахуствазири 76-солаи Ҳинд бояд пурра барқарор шуда дар тӯли шаш ҳафтаи дигар сари кор баргардад. Нахустин бор ӯ чунин як амалиёти шараёни қалбро соли 1990 ва баъдан, дар соли 2004 як ҷарроҳии пластикии шараёнро паси сар кардааст. Ҳафтаи гузашта бо шикояти дарде дар қафаси сина ӯ ба беморхона интиқол дода шуд. Мақмоти Ҳинд гуфтанд, ки вазири хориҷаи ин кишвар Пранаб Мухерҷӣ то замони ба кор баргаштани Синҳ раҳбарии муваққати ҳукуматро ба ӯҳда мегирад. Ҳизби ҳокими Конгресси Ҳинд гуфт, ки интизор дорад дар интихоботи сартосарии моҳи майи имсол Сингҳ ҳамоно ҳизбро раҳбарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG