Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти барномаи иқтисодӣ ба дӯши Обама


Раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама ваъда дод, ки маъмурияти вай тамоми масъули комёбӣ ва ё шикасти нақшаи нави кӯмак ба иқтисоди кишварро ба дӯш мегирад. Дар нахустин суханрониаш тавассути Интернет ва радио рӯзи шанбе вай аз Конгресс тақозо кард, ки барномаи ихтисоси 825 миллиард долларро ба иқтисоди кишвар қабул кунад. Вай ҳушдор дод, ки дар сурати акс, мизони бекорӣ дар Амрико ду баробар афзоиш хоҳад ёфт:

"Танҳо дар ҳамин ҳафта мо шоҳиди он шудем, ки шумори хеле зиёди мардум барои гирифтани мақоми бекорӣ ариза доданд ва ин ҳодиса дар давоми 26 соли охир бесобиқа будааст. Коршиносон ҳам мувофиқанд, ки агар аз ҳоло коре карда нашавад, нишондодҳои бекорӣ ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Иқтисоди мо 1 триллион доллар зарар хоҳад дид ва ин маънои онро дорад, ки даромади ҳар хонаводаи иборат аз чаҳор узв 12 ҳазор доллар кам хоҳад шуд. Ва мо метавонем аз билқувваи як насл маҳрум шавем, чунки ҷавонҳои бештари амрикоӣ маҷбур мешаванд аз орзуи таҳсил ва ё шонси ихтисоси касбҳои нав дар оянда даст кашанд".

Обама, ки рӯзи шанбе ҳамчунин бо мушовирони иқтисодиаш мулоқот кард, гуфт, умедвор аст, нақшаи эҳёи иқтисод дар як моҳи дигар ба имзо расад. Обама гуфт, ки ба хотири шаффофият ва масъулияти бештар маъмурияти вай ният дорад кулли барномаи наҷоти иқтисодиро бо тафсилоташ тавассути Интернет дастраси ҳамагон гардонад.
XS
SM
MD
LG